- мурда
- [مرده]сифати феълии замони гузашта аз мурдан1. ҷасади одами фавтида, тани беҷон, наъш; муқоб. зинда2. ҷаноза; маросими дафн; рузи мурда рӯзи ҷаноза (дафн)3. хомӯшшуда (оид ба оташ ё чароғ)◊ муши мурда бадкирдоре, ки худро дар зоҳир бечора нишон медиҳад; мурда-мурда бисёр азобу машаққат кашида, бо азоби зиёд; мурда барин хобидан сахт дар хоб будан, масти хоб будан; мурдаи худро партофтан (ба болои касе ё чизе) барои ба даст овардани чизе (фоидае) хеле шилқин шудан; касеро безор кардан; мурдаро монда тутхӯрӣ кардан кори асосиро монда ба корҳои ғайримуҳим машғул шудан; болои мурда сад чӯб (мақ.) ба болои як мусибат мусибати дигар, ба болои нохушӣ боз нохушии нав
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.